ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Имкониятҳои раҳбарияти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои эҷоди таҳримҳои иловагӣ алайҳи Русия наздик ба сифр аст.
Дар ин бора, Владимир Чижов, намояндаи доимии Русия дар назди Иттиҳоди Урупо гуфт.
"Имкониятҳо барои боз ҳам пурзӯртар кардани режими таҳримҳо тақрибан ба итмом расидаанд. Ин, албатта, наметавонад барои эҳсоси пирӯзии мо асос бошад, ҳоло дар ин бора ҳарф задан барвақт аст”, - гуфт Чижов.
Ӯ қайд кард, ки сиёсати Аврупо бо сабабҳои муайян суст шуда истодааст.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безараргардонии Украина, Ғарб фишори таҳримоти зидди Русияро афзоиш дод, ки боиси боло рафтани қимати нерӯи барқ, сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар Аврупо ва ИМА шуд.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Ба гуфти ӯ, мақсади асосии Ғарб бад кардани зиндагии миллионҳо одамон мебошад.