Толибони Покистон дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон Имороти Исломӣ эҷод мекунанд

Толибони Покистон дар пайи кушта шудани як фармондеҳи ин гурӯҳ эълом кард, амалиёташоно алайҳи артиши Покистон, дар манотиқи марзӣ аз сар мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Абдулволӣ мавсуӯм ба Умар Холид Хуросонӣ аз фармондиҳони гурӯҳ "таҳрики толибони Покистон" ва ду тан аз муовинонаш ахиран дар пайи бархурд бо як мина канори ҷодае дар вилояти Пактико кушта шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҳануз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифта аст.
Ин гурӯҳи шибҳинизомӣ , бидуни ироаи ҳеҷ мадраке маъмурони иттилоотии Покистонро дар ин инфиҷор айбдор кардааст.
Толибони Покистон бо интишори баёнияе ҳушдор доданд, дар саросари минтақаи марзӣ бо Афғонистон "аморати исломӣ " эҷод хоҳад кард.
Қатли раҳбари "Алқоида"* дар Кобул: изҳори бехабарии толибон аз вуҷуди ӯ дар Афғонистон
Дар ин баёния аз Абдулволӣ мавсум ба Умар Холид Хуросонӣ, фармондиҳи аршади ин гурӯҳ, ки ахиран дар Афғонистон кушта шуд, тамҷид шуда ва ҳамчунон кушта шудани Ёқуби Боҷӯрӣ аз дигари фармондиҳони худ низ таъйид кардааст.
Таҳрики толибони Покистон дар ҳоле аз оғози муҷаддади амалиёташ алайҳи артиши Покистон хабар медиҳад, ки раҳбарони ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир дар Кобул ба сар мебурданд.
Бар асоси гузоришҳо, толибони Афғонистон ба вижаи шабакаи Ҳаққонӣ талош карданд, ки миёни таҳрики толибони Покистон ва ҳукумати Покистон сулҳ барқарор кунанд.