ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон бар асари офатҳои табиӣ ва техногенӣ дасти кам 61 нафар ҷон аз даст доданд.
Дар ин бора сардори Раёсати ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон, Ҷамшед Маҳмудзода хабар додааст.
Ба маълумоти ӯ, дар ин муддат бар асари ҳодисаҳои нохуш инчунин 231 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Маҳмудзода маблағи хисороти офатҳои табиӣ ва техногениро дар вилоят 13847 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кард.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳамин давраи соли гузашта дар вилоят бар асари офатҳои табиӣ ва техногенӣ 75 нафар қурбон шуда, ҳамчунин 177 тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.
Зимнан, маблағи хисорот низ ба фарқ аз нимсолаи соли равон бештар буда, 91 861 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ин масъули Раёсати ситоди КҲФ мегӯяд, дар вилояти Хатлон беш аз 150000 нафар дар минтақаҳои хавфнок ба сар мебаранд.