Дар Хатлон фарзандхонӣ афзоиш ёфтааст

Аксар кӯдаконро аз хона-интернат оилаҳое ба фарзандхонӣ мегиранд, ки солҳои зиёд зиндагии якҷоя мекунанд, вале соҳиби фарзанд намешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар вилояти Хатлон дар зарфи шаш моҳи соли равон, 334 кӯдак ба фарзандхонӣ гирифта шудааст.
Дар ин бора сардори Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия, Бунафша Раҳимзода хабар дода, афзудааст, ки фарзандхонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 ҳолат бештар ба қайд гирифта шудааст.
Ба маълумоти Раҳимзода дар зарфи шаш моҳи соли 2020 дар Хатлон 241 кӯдак, соли 2021 - 265 кӯдак ва аз ҳама беш соли 2022 - 334 кӯдак ба фарзандӣ қабул шудааст.
Беш аз 300 кӯдак дар Суғд ба фарзандхонӣ қабул шуданд
Зикр гардид, ки аз ҳама беш дар шаҳру наҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ -42 кӯдак, Қубодиён -39, Ёвон -22, Фархор -21 ва Вахшу Бохтар 18 ҳолати фарзандхонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Раҳимзода гуфт, аксар кӯдаконро аз хона-интернат оилаҳое мегиранд, ки солҳои тӯлонӣ аз зиндагии муштарак соҳиби фарзанд намешаванд.
Ӯ гуфт, ҳолатҳои ба фарзандхонӣ гирифтани оилаҳои доро низ дар вилояти мазкур афзоиш ёфтааст.