Ҳушдори СММ дар бораи нақшаҳои ДОИШ* аз истифодаи низоъ дар Украина

Муовини дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, ДОИШ* аз ҷонибдоронаш даъват мекунад, аз низоъ дар Украина барои ҳамла ба Аврупо истифода намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Муовини дабири кулли СММ, раиси Раёсати мубориза бо терроризм Владимир Воронков ҳушдор дод, ки созмони террористии “Давлати исломӣ”*, аз ҷонибдоронаш даъват дорад, аз низоъ дар Украина барои ҳамла ба Аврупо истифода намоянд, иттилоъ додааст РИА "Новости".

"Дар Аврупо ДОИШ* ҷонибдоронашро ба ҳамла бо истифода аз сабукиҳои маҳдудиятҳо марбут ба пандемия ва низоъ дар Украина даъват кард", - гуфт Воронков дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал.

Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя қайд кард, ки дар чаҳорчӯби баррасии гузоришҳои дабири кулли СММ дар бораи таҳдидҳои ДОИШ*, дар Шӯрои Амният Маскав борҳо масъалаи зарурати мубориза бо аслиҳаҳое, ки ба дасти террористон меуфтад, матраҳ шудааст.
ВУХ Русия аз нақшаи ДОИШ* барои интиқоли бесуботӣ ба Осиёи Марказӣ хабар дорад
"Мо таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб менамоем, ки гузориш дар ин бора маълумоти мукаммалро дар бар мегирад. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки бархе аз гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, ки аз ҳаводиси Украина ва силоҳҳои дастрас, ки кишварҳои Ғарб ба Киев бидуни назорат медиҳанд, истифода намоянд”, гуфт оқои Небензия.
Дар ин замина, дар гузориш таъкид шудааст, ки эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупоро зиёд шудааст, илова кард Небензия.
*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия