ҲХДТ ба маводи “бардурӯғу фитнаангез” вокуниш мекунад

ҲХДТ - ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз таъсири маводи “бардурӯғу фитнаангез” Комиссияи таҳлилии расонаӣ созмон додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Дар Душанбе Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳисоби шаш расонаи давлатӣ ташкил шуд, иттилоъ додаааст шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Тибқи иттилои манбаъ, Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ нишон додан бояд ба маводи бардурӯғу фитнаангезе, ки хилофи сисёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона мегарданд, вокунишҳои саривақтӣ нишон диҳад.
Қайд карда шудаст, ки Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, “Аниси халқ”, “Бонувони Тоҷикистон”, “Қалами созанда” ва “Боҷу хироҷ” таъсис дода шудааст.
Пешбарии номзади ҳизби ҳоким ба курсии вакилӣ дар Душанбе
Дар Конференсияи XXXVI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Фирдавсӣ, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Шоҳона Одиназода вобаста ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини сулҳу субот иброз доштааст, ки дар ташаккули афкори ҷомеа нақши ВАО хеле муҳим аст.
“Имрӯз рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва ба вижа интернет дар ташаккули афкори ҷомеа таъсири чашмрас мерасонанд”, - қайд кард номбурда.