Бактерияе, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини Исфара шуд, чӣ гуна паҳн гардид

Масъулони Идораи беҳдоштии шаҳри Исфара зимни таҳқиқ барангезандаи бактерияеро, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр дар қаҳвахона гардид маълум намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 авг – Sputnik. Бисту ду сокинони шаҳри Исфара баъд аз истеъмоли хӯриш дар қаҳвахонаи "Одилон" заҳролуд шудаанд, гуфтанд дар Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Исфара.
Як масъули идораи беҳдоштии Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барангезандаи бемории сокинон бактерияи стафилококк (зарринтоб) будааст, ки тавассути хӯриш аз ошпазҳо, ин гурӯҳи мизоҷони қаҳвахонаро сироят кардааст.
Ба гуфти манбаъ, зимни пурсиши духтури эпидемиолог беморон иброз карданд, ки дар қаҳвахона аз хӯришҳои гӯштии майонездор истеъмол кардаанд, онҳо табъ доштанду бемадор менамуданд. Ин ҳолат табибонро водор намуд, ки аз ошпазҳои қаҳвахона ташхиси стафилококк гирифта шавад.

"Хулосаи ташхис маълум намуд, ки дар бадани чор нафар ошпазҳо аз ҷумла як зану шавҳар, ки ба омода намудани хӯриш машғул буданд бактерияи стафилококк мавҷуд будааст” – афзуд, корманди СЭС.

Ин манбаъ таъкид намуд, ки вируси сталифококк, ки онро бактерияи тиллоранги зарринтоб ҳам мегӯянд, маълулон дар бинӣ ва гулӯ ҷойгир шуда, дар вақти гап задан ва мушғул шудан ба коре паҳн мешавад.
Ин вирус умдатан ба маҳсулот, ки дар шароити қаҳвахонаҳо аз он хӯрок тайёр карда мешавад, махсусан бо маҳсулоти ширӣ ҳамроҳ шуда зуд паҳн мегардад.
Беш аз 20 нафар муроҷиат намуда, 10 кас бистарӣ шудааст: Дар Исфара чӣ рух дод?
Масъулони Идораи СЭС мегӯянд, баъди маълум шудани барангезандаи беморӣ ошпазҳои қаҳвахонаи “Одилон” ба табаобат фаро гирифта шуда, ҳуҷраҳои қаҳвахона пурра бо маҳлули зиддибактериявӣ (хлор) безарар гардонида шудааст.
Бино ба иттилоъи манобеъ, дирӯз ҳамаи беморон аз шифохонаи Исфара мурахас шудаанд.
Қаҳвахонаи “Одилон” - и Исфара, ки сар аз рӯзи 6 август баста буд, шурӯъ аз рӯзи 9 август дубора ба фаъолият пардохт.