ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоии Русия ба ширкати ҳавопаймоии "Северный ветер" иҷоза дод, ки дар ду масир хатсайр кушояд.
Дар ин бора "Новый Омск" хабар дода меафзояд, ки парвозҳо ба ду шаҳри Тоҷикистон - Хуҷанд ва Душанбе, ҳафтае се маротиба анҷом дода хоҳад шуд.
"Ба "Северный ветер" барои анҷоми парвоз дар ин хатсайрҳо ба муҳлати се моҳ иҷозатнома дода шуд" , - омадааст дар хабарнома.
Дар баробари ин, ширкати ҳавопаймоии "Ижавия" иҷозаи парвозҳо дар ин хатсайрҳоро, ки ҳанӯз ба анҷоми онҳо шурӯъ накардааст, аз даст дод.
Бояд гуфт, ки панҷ сол боз аз Омск ба Душанбе ва Хучанд парвоз роҳандозӣ нашуда буд.
Қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина парвозҳо аз Омск ба шаҳри дигари Тоҷикистон - Бохтар анҷом мешуданд.
Бояд гуфт, ки додани иҷозатнома ба парвози байналмилалӣ маънои ба таври худкор оғоз кардани парвозҳоро надорад.
Феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия панҷ ширкати ҳавопаймоӣ: “Сомон Эйр”, “Уралские авиалинии”, “ЮТэйр”, "Северный ветер" ва “Сибир” анҷом медиҳанд.