ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кишварҳои аврупоӣ дар ҷануби минтақа ва баҳри Миёназамин хариди пинҳонии нафти Русияро анҷом дода, талаботро ба карбогидридҳои Русия тақвият медиҳанд ва ҳамзамон хариди онро дар кишварҳои Аврупои Шимолӣ коҳиш медиҳанд.
Дар ин бора нашрияи "Bloomberg" бо истинод ба маълумоти ҳаракати танкерҳо хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳафтаи анҷомии 5 август ҳаҷми интиқоли нафти хом аз терминалҳои содиротии Русия дар соҳилҳои Балтик ва Баҳри Сиёҳ ба бандарҳои Итолиё ба ҳадди ҳафтҳафтаина расид.
Илова бар ин, барои бори аввал аз моҳи апрел Испания як бахши нафти Уралро харид, ҳарчанд ба гуфтаи нашрия, интиқол аз Қазоқистон сурат гирифтааст.
Инчунин, барои аввалин бор аз моҳи феврал Юнон навъи русии нафтро харид, дар ҳоле ки Булғористон ва Руминия хариди карбогидридҳои худро аз Федератсияи Русия то 255 ҳазор бушка дар як рӯз афзоиш доданд.
Илова ба кишварҳои Аврупо, харидро Туркия низ афзоиш дода, ба болотарин нишондиҳандаҳо дар шаш ҳафта расонд.
Бино ба арзёбии Bloomberg, афзоиши талабот ба нафти Русия аз ҷониби як қатор кишварҳои аврупоӣ аз хатари баланди нақзи низоми таҳримҳо алайҳи Маскав шаҳодат медиҳад, ки аз ҷумла аз моҳи декабри соли 2022 даст кашидан аз хариди нафти хомро дар бар мегирад.
Оҷонсӣ тахмин мезанад, ки ҳаҷми умумии интиқоли нафти хоми Русия ба истеъмолкунандагони аврупоӣ дар ҳоли ҳозир тақрибан 1,38 миллион баррелро ташкил медиҳад, ки баландтарин дар 5 ҳафтаи охир аст, аммо камтар аз интиқоли пеш аз амалиёти махсус (дар як рӯз 1,85 миллион баррел) аст.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав, бахусус, барои манобеъи энержияш таҳримҳо ҷорӣ карданд.
Бастаи шашуми таҳримот тадриҷан ҷорӣ кардани эмбарго ба воридоти нафт аз Федератсияи Русияро пешбинӣ мекунад. Ин мамнӯъ танҳо ба интиқоли роҳи баҳрӣ дахл хоҳад дошт ва нафт тавассути лӯлаи "Дружба" ворид мешавад, ки маҳдудият надорад.
Кишварҳои G7 ҳоло ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо ба нархи ҳадди ниҳоии нафт аз Федератсияи Русия ва инчунин имконоти мамнӯъияти комили хидматрасониро, ки интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтии Русияро иҷоза медиҳанд, баррасӣ мекунанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.