Дабири кулли СММ ҳамалот ба нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запорожеро худкушӣ номид

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаҳои низомиёни украинӣ ба нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеро амале монанд ба худкушӣ унвон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳамлаҳо ба нерӯгоҳи барқии атомии Запороже худкушӣ аст ва он бояд қатъ карда шавад, гуфт, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар нишасти матбуотие дар Токио.
"Ҳамла ба нерӯгоҳҳои атомӣ як амали худкушист. Мо умедворем, ки ин қатъ хоҳад шуд. Дар баробари ин мо мехоҳем, ки МАГАТЭ ба ин нерӯгоҳ дастрасӣ пайдо кунад. Умедворем, ки он метавонад аз салоҳиятҳои худ истифода кунад", гуфт Гутерриш.
Қаблан мақомоти Энергодар хабар дода буданд, ки шаби якшанбе нерӯҳои украинӣ ба нерӯгоҳи ҳастаии Запороже аз РСЗО "Ураган" зарба заданд, ки пораҳои мушак тақрибан 400 метр аз блоки кории ин нерӯгоҳ афтодаанд.
Донетск боз гулӯлаборон шуд. Зарбаи артиши Украина ба вокзали автобус - видео
Маъмурияти шаҳр таъкид кардааст, ки тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар НАБ-и Запороже, дар сурати осеб дидани сохтор, ба ҷони садҳо ҳазор сокинони Украина, Аврупои хориҷӣ ва Осиё таҳдид мекунад.
Вазорати дифоъ изҳор дошт, ки кормандони СММ барои назорати объективии байнулмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти МАГАТЭ монеаҳо эҷод мекунанд.
НАБЗ аз моҳи март таҳти назорати артиши Русия қарор дорад. Вазорати корҳои хориҷӣ далели таҳти ҳимоя қарор гирифтани нерӯгоҳро аз нуқтаи назари ҷилавгирӣ аз ихроҷи маводи ҳастаӣ ва радиоактивӣ шарҳ дод. Ин ниҳод инчунин ёдовар шуд, ки оператори украинӣ идоракунии истгоҳро идома медиҳад.