Шабаҳи коммунизм Тоҷикистонро фаро гирифтаву Нэнсӣ Пелосиро лаънат мекунад

Сафари яке аз чеҳраҳои сиёсии ИМА ба Тайбэй Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро водор намуд, аз ин сафари пиранзани бадхоҳи амрикоӣ интиқод кунад
Sputnik
"Мо боздиди раиси Конгресси ИМА Нэнси Пелосиро ба Тайван ҳамчун як иғвои рӯшан дар рӯҳияи таҷовузкоронаи ИМА дар зимни ҷилавгирӣ аз Чин мешуморем", - омадааст дар изҳороти ин ҳизб.
Вазорати корхои хориҷии ҷумҳурӣ низ дар ин маврид нармтар садо баланд кард. Дар ин санад, ки дар вебсайти вазорат нашр шудааст, на номи мушаххаси сиёсатмадор ва на кишваре, ки вай аз он намояндагӣ мекард, зикр нашудааст. Суханони умумие дар бораи ҷонибдорӣ аз тамомияти арзии Чин дар он баён шудаасту халос.
Пайравони бовафои кори Ленин (албатта, Маркс ва Энгелс низ) дар саҳифаҳои матбуоти маҳаллӣ соле як-ду бор баромад мекунанд.
Посухи тунди Чин ба сафари Пелосӣ ба Тайван ошкор шуд
Дар соли 2020 раҳбари ин ҳизб Мироҷ Абдуллоев ба унвони номзад ба мақоми президенти ҷумҳурӣ пешбарӣ шуд. Даъваткунанда ба қувваи худ чунон бовар дошт, ки вай дар нутқи пешазинтихоботияш бо камоли ғайрат изҳор намуд: "Мавқеи Ҳизби коммунистӣ мустаҳкам аст ва мо дар интихобот ғалаба мекунем". Афсӯс ин пешгӯӣ афсӯс иҷро нашуд.
Бояд гуфт, Абдуллоев дар он замон 72-сола буд. Онҳое, ки дар ҳама маврид баҳс карданро дӯст медоранд, метавонанд эътироз кунанд, ки Байден, масалан, аллакай 79-сола аст ва ӯ давлати “пурқудраттарин” дар сайёраро идора мекунад. Ин факт аст, аммо бубинед, ки вазъ чӣ гуна аст.
Шодӣ Шабдолов, раиси пешини Ҳизби коммунистӣ соли гузашта ду бор дар сархатти расонаҳо қарор гирифт. Бори аввал дар моҳи январ, вақте ҷуръат кард, ки тавоноии НБО-и “Роғун” дар робита ба таъмини мардум бо барқ дар тобистону зимистон пас аз пурра ба кор даромани онро зери суол барад.
Дувум дар моҳи август буд, ки ҳукуматро даъват кард, бо толибон робита барқарор кунад. Дар ин ҳол вай таъкид кард, ки дар сурати зарурат бо вуҷуди пиронсолиаш омодааст, ба даст силоҳ гирад ва аз марзҳои Ватан дифоъ кунад.
Ҳар ду ибтикори ӯ таваҷҷуҳи мақомотро ҷалб накард. Зеро интиқод аз “гови муқаддас”-и иқтисоди Тоҷикистон – “Роғун” ғайриқобили қабул аст ва дурнамои додани туфанг ба сиёсатмадори солхӯрда низ ба ҷуз як ҳодисаи хандадор наметавонад чизи дигаре бошад.
Аммо раҳбарияти кишвар тарҷеҳ дод, ба ин гуфтаҳои падарсолори сиёсати миллӣ беэътиноӣ зоҳир намояд ва он ҳам ба ин маънӣ ки "ҳар чӣ мехоҳӣ, бигӯ, аммо касе ба ин ҳарфҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунад".
Чин дар атрофи Тайван размоиши бесобиқаро оғоз кард
Пас маълум мешавад, ки ягона воқеаи барҷаста барои коммунистони маҳаллӣ ин зодрӯзи пешвои пролетариатҳои ҷаҳон бо гузоштани гулчанбарҳо назди муҷассамаи ӯ дар канори Душанбе мебошад.
Бояд розӣ шуд, ин манзараи аламовар барои ҳизбест, ки замоне "ақл, номус ва виҷдон"-и як даврон буд, баъд мақулаи мақтадир онро шомил шуду бо мурури замон мавқеи худро дар парлумони ҷумҳурӣ, ҳамчунин пайравон, молу мулки чандинмиллиондолларӣ ва обрӯяш дар ҷомеаро аз даст дод.
Ҳоло ҲКТ ҳоли фалокатборе дорад, ки ба ҳошияи арсаи сиёсии кишвар афтодааст.
Ва акнун имкони эҳёи он ба мисли “наҳзати Феникс аз хокистар” ба назар мерасад! Агар дастгирии забонӣ аз ҳаммандешони чинӣ сари вақт садо диҳад ва дуруст мудирият шавад, имкон медиҳад, ки ба баъзе мукофотҳо умед баст.
Роҳбарияти коммунистони маҳаллӣ кайҳо боз ба ҲКЧ тамаллуқ мезананд ва онро "намунаи дар амал татбиқ намудани идеяҳои коммунистӣ" номида, "нақши роҳбарикунандаро дар ҷаҳон аз ҷиҳати идеологӣ ва дар идораи давлатӣ” ба он нисбат медиҳанд.
Рӯзи якшанбеи гузашта ҳайати вакилони Литва бо сардории ҷонишини вазири нақлиёт ва алоқаи ин кишвар Агне Вайчюкевичите ба Тайван омад. Ин сафар, албатта, бо сафари "Нэнсии хашмгин" қобили муқоиса нест, аммо он барои маҳкумият низ мувофиқ аст. Пас мунтазири анҷумани навбатии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон бошем?