ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ин бор дар шаҳри Ҳисорро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, корманди ин ниҳод С.А. бо иттиҳоми сӯистифодаи мансаб ва содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ӯ дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13.000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 247 қаллобӣ буда, бо ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест. Оҷонсӣ тайи ним сол бештар аз ҳама шояд аз боздошти кормандони ин ниҳод хабар дода бошад.
Қаблан ин ниҳод аксаран бо иттиҳоми ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин кормандон ва ҳатто роҳбарони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Варзоб, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Б.Ғафуров ва ғайраро боздошт карда буд.