Муҳоҷири тоҷик дар Маскав ба таври фоҷиабор ҳалок шуд - видео

Дар пойтахти Русия як ҳодисаи мудҳиш рух дод: даҳҳо муҳоҷире, ки зери роҳ лӯлаи фозилобро дуруст мекарданд, дар пайи боридани борони шадид ҳалок шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар Маскав се коргар дар як канализатсияи ҷанубу шарқи пойтахт ба ҳалокат расидаанд, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон будаанд.
Фоҷиа дар ҷанубу шарқи пойтахт рух додааст. Гуруҳи иборат аз 13 нафар дар қитъаи Люблино канализатсияро тоза мекард.
Дар ин вақт борони сахт сар шуд ва ба равзанаи воридотӣ оби зиёд рехт, ки дар пайи фуруравии девораи чоҳ ба амал омад, ки се нафарро ҷараён пахш кард. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, яке аз онҳо тоҷик аст.
Панҷ коргар тавонистаанд мустақилона ба рӯи об баромада, панҷ нафари дигарро наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, берун оварда, пас аз он дар беморхона бистарӣ карданд. Ҷасади фавтидагонро дертар пайдо карданд.
Дар сӯхтори анбори "Ozon" як муҳоҷири тоҷик ҷароҳатдор шудааст
Ёдовар мешавем, ки қаблан бар асари сӯхтори шадид дар анбори ширкати Ozon дар вилояти Маскав як муҳоҷири тоҷик захмӣ шуда буд. Ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Гуфта мешавад, таҳдиде ба ҳаёташ нест.