ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи шахсиаш дар “Рухнома” вобаста ба марги ҷавони 21-солаи тоҷик, ки 7 августи соли ҷорӣ ҳангоми анҷом додани корҳои таъмирӣ дар як чоҳи канализатсионӣ, бар асари боришоти зиёди борон ба ҳалокат расид, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
“Сафорат ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони марҳум изҳор менамояд”, - омадааст дар изҳороти сафорат.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Краснодарскаяи минтақаи Люблинои шаҳри Москва рух дода буд.
Таъкид шудааст, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтида изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамзамон сафорат қайд кардааст, ки қазияи мавриди назар ва таҳти пайгирии Сафорат қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин ҳодиса ғайр аз муҳоҷири тоҷик боз ду шаҳрванди Қирғизистон низ ба ҳалокат расидааст.
Додситонии Маскав аломатҳои ҷиноятро дида, тафтиши марги се муҳоҷири корӣ дар фозилоби ноҳияи Люблинои Маскавро оғоз кардааст.
Прокуратура баъди марги коргарон камбудҳоеро дар фаъолияти ширкати корфармои онҳо ошкор кардааст.
Гуфта мешавад, маводи тафтиши ҳодисаи Люблино аллакай ба Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия фиристода шудааст.