ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Додситонии Маскав марги се муҳоҷири Тоҷикистон ва Қирғизистон дар канализатсияи ҷанубу шарқи пойтахти Русияро таҳқиқ мекунад , хабар дод дафтари матбуоти ин ниҳод.
Прокуратура дар амалиёти ташкилоти тиҷоратӣ баъди марги коргарон аломатҳои ҷиноятро дидааст.
Гуфта мешавад, маводи тафтиши ҳодисаи Люблино аллакай ба Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия фиристода шудааст.
Барои "Вайрон кардани талаботи ҳифзи меҳнат" ва "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои дигар" дар пайи ин ҳодиса имкондорад парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шавад.
Ёдовар мешавем, ки фоҷеа рӯзи 7-уми август ҳангоми тоза кардани рӯдхонаҳо дар ҷанубу шарқи Маскав рух дод. Дар минтақаи Люблино даҳҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекарданд.
Дар ин вақт борони сахт сар шуд ва ба равзанаи воридотӣ оби зиёд рехт, ки дар пайи фуруравии девораи чоҳ ба амал омад ва се нафарро ҷараён пахш кард. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, яке аз онҳо тоҷик аст.
Аз 13 муҳҷоири коргар дар ин қитъа панҷ тан тавонистаанд мустақилона ба рӯи об бароянд ва панҷ нафари дигарро наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, берун оварданд.