Садҳо ҳазор доллар зарари барқрасонҳо ба як бахши муҳим дар Суғд: додситонӣ месанҷад

Дар пайи бемасъулиятии кормандони барқи вилоят як бахши муҳим садҳо ҳазор доллар зарар дидааст. Раиси вилоят барои санҷиши аъмоли ин ниҳод дастур дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон дар пайи беогоҳӣ қатъ кардани барқ ба пойгоҳҳои обкшии вилоят садҳо ҳазор доллар зарар ворид шудааст.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят зимни як ҷаласа бо фаъолони суғд дар ин бора хабар дод ва ин корро бемасъулиятии идораҳои барқрасон хонд.
Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли равон 30 садамаи вазнин дар пойгоҳҳои обкашӣ дар натиҷаи беогоҳии пешакӣ қатъ кардани нерӯи барқ рух дода, ба миробчиёни вилоят хисороти зиёд ворид кардааст, навиштааст рӯзномаи "Садои мардум".
Миқдори муҳаррикҳои азкормонда дар апйи садамаҳо дақиқ гуфта нашудааст, аммо таъкид шудааст, ки якчантои он корношоям гардид.
Аҳолии Тоҷикистон кай бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад? Посухи Ғаффорзода
Ин дар ҳолест, ки масъулони соҳаи обрасонӣ, нархи як муҳаррики аз кор баромадаро то 150 ҳазор доллар арзёбӣ мекунанд.
Дар пайи ин ҳодисаҳо Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндаи прокуратураи вилояти Суғд дастур додааст, ки бемасъулиятии роҳбарияти идораи барқи вилоят дар доираи қонун баррасӣ шавад.
Ҳамзамон Аҳмадзода дар бораи пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ гуфта, афзудааст ки он ба 64 миллион сомонӣ расида, сабаби ин рӯирост саркашӣ кардани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз пардохти ҳаққи хизмати мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки мавзӯи қарзи об ва обрасонӣ дар Тоҷикистон то кунун доғ аст.
Қаблан директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии кишвар Холмурод Раҳмон аз напардохтани маблағи оби истифодашуда изҳори нигаронӣ кард ва ширкати "Барқи тоҷик" бошад аз ин корхона барои напардохтани ҳаққи нерӯ.
Ин ниҳод қаблан гуфта буд, ки қарзҳояш дар назди "Барқи тоҷик" зиёда 360 миллион сомонист.
Дастури президент иҷро нагардид: Аҳмадзода гуфт, нархи картошка дар Суғд гарон шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назди ин ниҳод деҳқонон аз қарздорони асосӣ мебошанд. Аксари хонаводаҳо наметавонанд пули обро пардохт кунанд, зеро пули хидматрасонӣ қисми зиёди хароҷоти маҳсулоти онҳоро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 400 пойгоҳи обкашӣ ва қариб 70 чоҳ аст, ки барои кашидани ҳар як метри мукааб об 0,262 киловатт-соат қувваи барқ сарф мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳар як зироат тарифи инфиродӣ дорад, ки ба истеъмоли об мувофиқ аст.