ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд, ки арзиши картошка аз он ки дар нақша буд боло рафт.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни як ҷаласа бо фаъолони вилоят гуфтааст, ки бар асари риоя нашудани структураи кишти зироатҳо нақшаи кишти картошка иҷро нагардид, навиштааст нашрияи "Садои мардум".
Ба гуфтаи ӯ, ба ҷои 18 ҳазору 500 гектари муқарраркарда дар вилоят 16 ҳазору 271 гектар кишт шудааст, ки 2229 гектар аз нақшаи пешбинишуда кам мебошад.
Камшавии кишт сабабгори дар бозорҳои вилоят якбора боло рафтани нархи картошка гардидааст.
Гуфта мешавад, ки агар тирамоҳ як кило картошка 2,5-3 сомонӣ бояд арзиш дошта бошад, пас айни ҳол 5-5,5 сомонӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки на танҳо картошка аст, ки дар кишвар аз ҳоло гарон мешавад, балки пиёз ҳам аз он болотар шудааст.
Агар дар ҳамин давраи соли қаблӣ дар Тоҷикистон як кило пиёз то се сомон буд, пас ҳоло шаш ва аз он ҳам болотар аст.
Дар ҳамин ҳол мақомот дар бораи қимадшавии он назари худро доранд. Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ба далели содироти зиёд ин маҳсулот гарон шуд, аммо Агентии содирот мегӯяд болоравии нарх ба содирот рабт надорат чун нишондиҳандаҳои мисли соли пештара аст.
Дар пайи болоравии қимати пиёз Тоҷикистон содироти ин маҳсулотро манъ кардааст.
Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ахиран ба хабарнигорон гуфт, ки манъи содироти пиёз ба хориҷ бо дастури ҳукумат сурат гирифтааст.
“Таъмини талалаботи бозорҳои кишвар ба ҳар намуд молу маҳсулот аз ҷониби ҳукумати кишвар таҳлил карда мешавад. Барои он, ки вақтҳои охир нархи пиёз нисбат ба солҳои қаблӣ то ду се баробар боло рафт. Ба хотири таъмини бозорҳои дохилӣ ва танзими нархи маҳсулот ҳоло содироти пиёз манъ шудааст” – гуфт, Маҳмадиев.
Бино ба гуфтаи сардори Раёсати гумруки Суғд ҳудуди ду ҳафта ба ин тараф содироти пиёз ба хориҷи кишвар боз дошта шудааст.
Кишти ками пиёзу картошка дар сатҳи вилоят дар ҳолест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ президенти кишвар зимни сафараш ба вилоят ин камбудиҳоро хотиррасон карда буд.
Ӯ аз вазъи вазнии ҷаҳон дар робита ба маводи озуқаворӣ ёдовар шуда, таъкид карда буд, ки барои ислоҳи вазъ кишти такрори ва заминҳои бекорхобида низ ба гардиши кишоварзӣ дароварда шавад.