Воқеъияти ҷанг зери дурбини Андрей Стенин - акс

Ба гуфтаи ҳамкасбони Андрей Стенин, ин рӯзноманигор ҷангро ҳамон тавре ки медид, инъикос мекард ва кори ӯ баландтарин сатҳи ростгӯии журналист аст
Sputnik
Дар ин рӯз ҳашт сол пеш, Андрей Стенин даргузашт. Хабарнигори рус дар Украина 6 августи соли 2014 даргузашт. Вай чаҳорумин рӯзноманигори рус шуд, ки дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина кушта шуд.
Стенин дар наворбардории ҳолатҳои фавқулодда, низоъҳои низомӣ ва ошӯбҳо тахассус дошт. Зимни кораш аз мавзеъҳои доғ дидан мекард. Ӯ вазъи Сурия, навори Ғазза, Либия ва минтақаҳои дигарро инъикос мекард.