ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон офатҳои табиӣ ба 78,33 километр роҳ, се пул ва 3 облӯла ба маблағи ду миллиону 383,2 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида шудааст, гуфт вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои вай 53,1 километр роҳ ва 1 адад пул ба маблағи 328 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои Вазорат барқарор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.
Раиси КҲФ-и кишвар таъкид кард, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд.
“Ду нафар бар асари сел, ду нафар аз резиши тарма, ду нафари зери сангрезӣ ва ду нафар бар асари бар асари барф ба ҳалокат расиданд”, - гуфт Рустам Назарзода.
Ба гуфтаи Рустам Назарзода, бар асари офатҳои табиӣ 88 бинои истиқоматӣ (16-то пурра, 19-то қисман хароб шудааст), 179 бинои ёрирасон, як мактабу кӯдакистон, 17 пул, 107 гектар замини корам, 298 километр роҳ осеб дидааст.
Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ, ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 15 миллион сомониро ташкил додааст.