ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Олмон дар сурати қатъи вуруди гази Русия ба ин кишвар ба вокуниши занҷирӣ дар иқтисод дучор хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзноманигори бритониёии The Telegraph Тим Уоллес навиштааст.
Чунон ки дар мақола қайд карда мешавад, дар сурати монеъ шудани ҷараёни сузишвории Русия, соҳаҳои асосии саноати давлат, аз ҷумла саноати кимиё метавонад хароб шавад.
Ба навиштаи ӯ ин дар навбати худ, дар дигар соҳаҳои фаъоли иқтисодӣ таъсири комил хоҳад дошт.
Ба бовари коршиносони Commerzbank, камбуди манобеи энержӣ Олмонро ба таназзули амиқ дучор хоҳад кард, ки монанди бӯҳрони молӣ дар соли 2009 хоҳад буд.
Маҷрои шимолӣ масири аслии содироти гази Русия ба Аврупост. Ба далели мушкилоти бозгашт аз таъмир ва нигоҳдории агрегатҳои насосии газ, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳои зидди Русия ба миён омадааст, "Газпром" маҷбур шуд, ки интиқоли газро нахуст то 40 дарсад ва сипас то 20 дарсад коҳиш диҳад.
Ин ширкат гуфтааст, ки таҳримҳои Канада, Иттиҳодияи Аврупо ва Британияи Кабир интиқоли турбинаи "Маҷрои шимол" ба Русияро, ки дар Канада таъмир шуда ва ҳоло дар Олмон аст, номумкин месозад. Илова бар ин, онро интиқол додан мумкин нест, зеро вазъи кунунӣ ба ӯҳдадориҳои Siemens мувофиқат намекунад, мегӯяд Газпром.
Пас аз коҳиши интиқол нархи ҳазор метри мукааб гази табиӣ дар биржаи гази аврупоии TTF аз 2000 доллар боло рафт. Коршиносон дар идома то 2500 доллар боло рафтани онро пешгӯӣ мекунанд.
Пас аз изҳороти “Газпром”, ки гуфт, интиқоли газ аз тариқи “Маҷрои шимолӣ” то 20 дарсади иқтидори тарҳи лӯла коҳиш ёфтааст, қимат боло рафт. Матбуоти ғарбӣ дубора ба Русия ҳамла кард, ки он интиқолдиҳандагони энержиро ҳамчун як силоҳи гибридӣ, фишанг барои пешбурди манфиатҳои сиёсати хориҷии худ ва онро барои пароканда кардани ваҳдати Аврупо истифода мебарад.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, ки афзоиши қимати нерӯи энержӣба сиёсати кишварҳои Ғарб марбут аст.
Раисҷумҳури Русия дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ дар сафари кориаш ба Эрон гуфт.
"Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар бахши Энержӣ бинобар тасмимҳои қаблан қабулшудаи сиёсӣ (Ғарб) коҳиш ёфт. Бонкҳо маблағгузорӣ намекунанд, ширкатҳои суғурта бима намекунанд, мақомоти маҳаллӣ барои сохтмонҳои нав замин ҷудо намекунанд, онҳо қубурҳо ва дигар васоили нақлияро тавсеа намедиҳанд. Ин ҷо натиҷаи сиёсати даҳсолаи қаблӣ аст”, - гуфт Владимир Путин.
Ёдрас мешавем, ки баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои Ғарб алайҳи Русия дар бахши энержӣ таҳримҳо ҷорӣ карданд, ки боиси болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ва нафту газ дар ҷаҳон шуд.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш доданд. Даъватҳо дар бораи даст кашидан аз манбаъҳои энержии Русия баландтар шуданд.
Бо вуҷуди ин, халалдор шудани занҷирҳои таъминот боиси мушкилот дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида, пеш аз ҳама болоравии нархи ғизо ва сӯзишворӣ шудааст.
Кремл ин таҳримҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид ва гуфт, Русия ба ҳамаи ин мушкилиҳо омода буд.