Қатли раҳбари "Алқоида"* дар Кобул: изҳори бехабарии толибон аз вуҷуди ӯ дар Афғонистон

Толибон мегӯянд, ки ба таҳқиқи иддаои раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар бораи кушта шудани Айман Аззавоҳирӣ дар Кобул шурӯъ кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Толибон мегӯянд, аз омадан ва иқомати Аззавоҳирӣ ба Кобул хабар надоранд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ба иддаои Ҷо Байден дар бораи кушта шудани раҳбари "Алқоида"* дар Кобул чунин посух дод.
Муҷоҳид гуфт, ки онҳо барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумита таъйин кардаанд.
Сухангӯи толибон бори дигар ваъда дод, ки хоки Афғонистон бар зидди дигар кишварҳо, бахусус Амрико истифода нахоҳад шуд.
ИМА раҳбари "Алқоида"*-ро дар Афғонистон куштааст
Ин мақоми толибон ҳамлаи Амрико дар Кобулро таҷовуз ба хоки Афғонистон ва нақзи созишномаи Доҳа номид ва онро маҳкум кард.
Дар ҳоле, ки коршиносон толибонро дар нақзи ин созишнома гунакор медонанд, зеро онҳо равобиташонро бо гуруҳҳои террористӣ қатъ накарданд.
Пас аз кушта шудани Айман Аззавоҳирӣ дар Кобул, суоле, ки чӣ касе макони будубоши раҳбари "Алқоида"*- ро ба Амрико ифшо кардааст, раҳбарони толибонро даргир карда буд.
Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари "Алқоида"*, рӯзи якшанбеи 2 август бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар минтақаи Ширпури шаҳри Кобул кушта шуд.
Ин ҳамларо ду мушаки "Hellfire" ("Дӯзах") анҷом додааст, ки аз ҳавопаймои бесарнишин ба балкони як хона дар Кобул партоб шудаанд, ки дар ин вақт худи Завоҳирӣ дар он ҷой буд.
Тибқи иттилои расмӣ, касе аз аъзои хонаводаи раҳбари террорист осеб надидааст.
Бар асоси гузоришҳо, раҳбари "Алқоида"* дар Кобул манзили Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии толибон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд.
Толибон ба ваъда вафо накарданд. Кобулов гуфт, маводи мухаддир дар Афғонистон кам нашуд
Ёдовар мешавем, ки Завоҳирӣ баъди аз байн бурдани Усома бин Лодин дар Покистон дар соли 2011 раҳбарии "Алқоида"*-ро бар уҳда дошт. Ӯ ҳамчунин масъули ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида дониста шуд.
Аз он вақт инҷониб ӯ дар фирор буд. ИМА барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ 25 миллион доллар ҷоиза пешниҳод карда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта таҳлилгарони умури низомӣ ва Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бо сароҳат гуфта буданд, ки толибон робитаашонро бо гуруҳҳои террористӣ аз ҷумла "Алқоида"* накандаанд.
Бо омадани ин гуруҳ сари қудрат Афғонистон лонаи озоди террористон гаштааст, ки барои фишор ба кишварҳои дигар истифода мешавад.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.