Медведев: Мо бо дӯстон дар ИДМ рӯирост гап мезанем, моро намешавад, ба ҷанг кашид

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия сафари раиси Конгресси ИМА ба Тайванро арзёбӣ карда, онро чун кӯшиши ба ҷанг кашидани кишварҳои ИҶШС арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев сафари раиси конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайванро арзёбӣ карда, паёмадҳои эҳтимолиро шарҳ дод.
Ӯ рахна шудани саҳифаи шахсиаш дар "ВКонтакте"-ро як зуҳуроти "ҷанги иттилоотӣ" номид, ки ҳадафаш "ба ҷанг кашидани Русия бо дӯстон аз кишварҳои ИДМ" аст.
"Ин бори аввал нест, ки чунин рух медиҳад. Ҳеҷ кас аз онҳо эмин нест.Сиёсатмадорони душман, ки мехоҳанд моро бо ҳампаймонҳоямон дар СПАД, ИИАО ва ё СҲШ ба ҷанг кашанд, зиёданд. Мо ба онҳо ин лаззатро намедиҳем", - гуфт Медведев дар суҳбат бо РИА "Новости".
Ӯ итмимнон дод, ки хадамоти салоҳиятдор ин корҳоро тафтиш мекунанд ва гунаҳкорон беҷазо нахоҳанд монд.
"Усулҳои оддии чунин "кор" низ маълуманд – аз номи шахси маъруф ба саҳнаи ҷамъиятӣ дар бораи ҳамсояҳо сухани тезу тунд ё ҳассос партофтан, бо сенарияҳои таърихӣ бозӣ кардан ва ҳамаашро бори Русия кардан".
Дар Тоҷикистон иқдомоти Вашингтонро маҳкум карданд. Чӣ боиси хашм шуд?
Медведев таъкид кард, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо даст назадааст ва намезанад.
"Ин дар қоидаҳои мо нест ва ба принсипҳои ахлоқии мо мувофиқат намекунад. Ман ва рафиқонам бевосита ва рӯирост, суҳбат мекунем. Мо на танҳо дар изҳороти расмӣ, балки дар амал, дар ҳалли масъалаҳои ҳаррузае, ки ба манфиати мамлакатҳои мо дахл доранд, иттифоқчӣ ҳастем. Минбаъд ҳам ҳамин тавр хоҳад шуд", - хулоса кард Медведев.