Марги ду ҷавон дар Рашту Душанбе: яке худкушию дигаре дар дохили зарфи оҳанӣ нафасгир шуд

Ҷавони 22-солаи сокини шаҳраки Ғарм худро ба оби Сурхоб андохтаву даст ба худкуштӣ задааст, аммо мақомот сабабашро эълон накардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Давоми рӯзҳои гузашта дар Тоҷикистон ду ҳодиса фавт сабт шудааст, ки яке дар натиҷаи худкушӣ ва дигаре аз беэҳтиётӣ сар задааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 2-уми августи соли равон тахминан соати 14:40 дақиқа як сокини 22-солаи шаҳраки Ғарми ноҳия худро ба оби Сурхоб андохтаву даст ба худкуштӣ задааст.
Дар пайи чӣ омиле ҷавон даст ба худкушӣ задааст, мақомот то кунун эълон накардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, баъди роҳандозии корҳои наҷот имдодгарони КҲФ ҷасади ӯро 20 километр дуртар аз маҳалли ҳодиса, дар соҳили дарёи Сурхоб пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.
Афзоиши мизони худкушӣ миёни ноболиғон дар Суғд
Ҳамзамон 3 август як ҳодисаи нохуш дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст.
КҲФ мегӯяд, сокини ҷамоати деҳоти Турдиеви ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми тоза намудани зарфи оҳании корхонаи ҶДММ “ҒАЛЛА” воқеъ дар кӯчаи Зебуннисо-12 ноҳияи Шоҳмансур ба дохили он афтода, ба ҳалокат расидааст.
"Ин зарфи оҳанӣ 20 метр баландӣ доштааст ва шаҳрванд ҳангоми тоза кардани он қоидаҳои бехатариро риоя накарда, дохили он сарозер шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ин ҷавон дар дохили зарфи оҳанӣ, ки пасмондаи ангишт ҷамъ шуда буд, нафасгир шуда, фавтидааст.
Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон соати 16:13 дақиқа ҷасади ҷавонро аз дохили зарфи бузург берун оварданд, ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ёдовар мешавем қаблан низ чунин ҳодиса дар ноҳияи Айнӣ сар зада буд, ки ду бародан ҳангоми тоза гардани зарфи бензингирӣ дар дохили он нафаргир гашта, ҳалок шуда буданд.