Чин дар атрофи Тайван размоиши бесобиқаро оғоз кард

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаш минтақаи ҷазираи Тайван размоиши васеъмиқёс бо истифода аз тӯпхонаҳои дурзанро оғоз карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тамрини густурдаи артиши озодихоҳи Чин дар атрофи Тайван рӯзи панҷшанбе оғоз шуд.
Дар ин бора РИА Новости бо такя ба телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.
Ин машқҳо посух ба сафари раиси палатаи ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба Тайбэй будаанд.
Гуфта мешавад, ки тамринҳо соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуда, то соати 12:00 рӯзи якшанбе идома хоҳанд кард.
Дар 6 минтақаи атрофи Тайван машқҳои низомӣ баргузор мешаванд ва маҳдудияти парвозҳо дар ин минтақаҳо низ эълон шудааст.
Шабакаи телевизионӣ аз ҳушдори ҷониби Чин ба киштиҳо ва ҳавопаймоҳо ёдовар шуд, ки ба минтақаи обӣ ва ҳарими ҳавоии минтақаҳои машқҳо ворид нашаванд.
Маълум аст, ки дар ин машқҳо Чин бори аввал аз тӯпхонаҳои дурпарвоз ва мушаки DF-17 ("ҳавопаймобар") истифода хоҳад кард.
Дар Тоҷикистон иқдомоти Вашингтонро маҳкум карданд. Чӣ боиси хашм шуд?
Ба гуфтаи коршиноси низомӣ Сонг Чжунпинг, ин машқҳо шояд тамрини амалиёти воқеии низомӣ бошад, менависад Global Times.
Ёдовар мешавем, ки Пелосӣ бо вуҷуди таҳдидҳои шадиди Чин шоми 2 август ба Тайван парвоз кард.
Аз соли 1997 инҷониб, ин нахустин сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба Тайван аст..
Дар Пекин сафари сиёсатмадори амрикоиро бо адоват пешвоз гирифтанд. Чин Тайванро музофоти худ мешуморад ва ба ҳар гуна алоқаи байни намояндагони Тайбэй ва ходимони ҳозира муқобил аст.
Дар рафти сафар ба Тайбэй Пелосӣ бо сардори маъмурияти ҷазира Тсай Инвэн вохурд.
Лавров ҳадафи сафари Пелосиро ба Тайван ошкор кард
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки Чин аз нисбати неруҳое, ки аз истиқлолияти ҷазира ҳимоят мекунанд, чораҳои қатъӣ меандешад. Муттаҳидшавии Чин бо Тайван як масъалаи ногузирии таърихӣ аст ва кӯшишҳои истифодаи ҷазира барои ҷилавгирӣ аз Чин маҳкум мешаванд, афзуд ӯ.