Бастрикин аз афзоиши ҷиноятҳои вазнин миёни муҳоҷирон хабар дод

Дар нимаи аввали соли 2022 танҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия ҳудуди 1,6 ҳазор ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Кумитаи тафтишоти Русия аз афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва экстемистӣ аз ҷониби муҳоҷиронро хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли 2022 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ин қишр 10% афзоиш ёфтааст.
Дар ин муддат кормандони ҳифзи ҳуқуқ аллакай беш аз 21 ҳазор парвандаро таҳқиқ кардаанд. Дар баробари ин 1,6 ҳазор ҷиноят аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ содир шудааст.
Ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ҳанӯз дар соли 2021 36,4 ҳазор ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ сабт шуда буд, ки дар муқоиса бо соли 2020 ин рақамҳо 6% афзоиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ ҳудуди 11 ҳазор парванда ба муҳоҷирони корӣ ва ғайриқонунӣ марбут аст.
"Ҳодисаҳои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин - куштор, таҷовуз ба номус, одамрабоӣ афзоиш ёфта, рӯҳияи ифротгароӣ паҳн мешавад",- гуфт Бастрикин дар мусоҳиба бо хабаргузории "Интерфакс".
Ӯ инчунин омилҳои асосиеро, ки ба ҷинояткории меҳмонон таъсир мерасонанд, қайд намуд.
Номутобиқатӣ, муддати зиёд дур мондан аз оила ва мушкилоти моддиву маишӣ омили рушди ҷинояткорӣ унвон мешаванд.
Дар Русия мехоҳанд ба далели куштори пурсарусадо назорат бар муҳоҷиронро пурзӯр кунанд
Раҳбари КТР қайд кард, ки ҳамаи ин муҳоҷиронро барои раҳоӣ бо роҳи ҷиноӣ тела медиҳад.
Вай афзуд, тибқи омор, муҳоҷирони миёнсол бештар ба дуздиву ҷиноят даст мезананд.
Зимнан зикр гардид, ки ба манзури таъмини амнияти миллӣ ба манфиати рушди кишварҳо масъалаҳои муҳими ин соҳа дар комиссияи байниидоравии КТР ва такмили сиёсати давлатии муҳоҷират баррасӣ мешаванд.