ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ин фармондеҳи толибон мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза ном дорад ва ҳарфҳояшро дар ҳузури вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон, ки ба Тахор сафар карда буд, баён намудааст.
Иддаои ин намояндаи толибонро номзади илмҳои таърих, Коршиноси Муассисаи масоили рӯзи байналмилалии Академияи дипломатии Русия, Евгений Коренев Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз як тараф сафсата хонд.
Ба таъкиди Кореннев, Русия ҳеҷ гоҳ пойгоҳи 201-уми худро аз хоки Тоҷикистон берун намекунад ва иттифоқчии худро дар СПАД бо чунин фалокат танҳо намегузорад.
“Аз сӯйи дигар таҳаррукоти фардӣ ва бархе иқдомот, аз қабили амалиёти террористӣ ва тахрибкорӣ воқеан қобили анҷоманд. Аммо ин ҷо аз таҳдиди васеъе ба мисли як таҳоҷуми тамомайёр ба Тоҷикистон гуфтан бисёр душвор аст”, - тавзеҳ дод ӯ.
Ёдовар мешавем, муовини Қулурдӯи умарии толибон ба Тоҷикистон ҳушдор дода афзуд, дар сурате ки ин кишвари даст аз “мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русияи пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд”.
Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба толибон барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.
Қаблан Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумъае гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.
Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.