Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳузури муҳоҷирон дар сӯхтори "Ozon"-ро таҳқиқ мекунад

Бар асари сӯхтор дар анбори бузурги "Ozon" як нафар фавтида, 13 тани дигар осеб дидаанд. Сафорат мегӯяд, ҳузури тоҷиконро дар ин анбор тафтиш мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Нахустин навор аз дохили анбори даргирифта дар вилояти Маскавро як муҳоҷири тоҷик нашр намуда буд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ аз макони сӯхтор ҷон ба саломат бурд ё на.
Зимнан, сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки феълан дар ҷойи ҳодиса як гурӯҳ аз намояндагони сафорат қарор доранд ва онҳо муайян мекунанд, ки оё дар ин ҳодиса ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидааст ё хайр.

"Феълан кормандони мо дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. То ҳол маълум нест, ки дар сӯхтор муҳоҷирони тоҷик осеб дидаанд ё на", - гуфтанд аз сафорати Тоҷикистон.

Бо вуҷуди талоши чандсоатаи оташнишонон алангаи сӯхтор ҳамоно пурра хомӯш наградидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ҳатто чархболҳо ҷалб гардиданд.
Муҳоҷири тоҷик дақиқаҳои аввали сӯхтори анбори "Ozon"-ро сабт кард - видео
Чанде пеш Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия хабар дод, ки дар паҳлуи анбори даргирифта зарфи ҳомили сӯзишворӣ қарор дорад, ки дар сурати расидани алангаи оташ ба ин зарф метавонад вазъро боз ҳам мушкилтар кунад.
Тибқи маълумоти расмӣ дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта 13 тани дигар осеб диданд.