ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ Сайид Иброҳим Раисӣ номаи таслият ирсол намудааст, хабар медиҳад котиботи президент.
Манбаъ матни мактуби роҳбари давлатро нашр намудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст.
"Ҷаноби Олӣ! Хабари талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моддӣ бар асари боришоти шадид ва обхезиҳои харобиовар дар як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид".
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Исломии Эрон ва мардуми ин сарзамин ҳамдардӣ ва тасаллият иброз намудааст.
Роҳбари давлат ба ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои комил орзу намудааст.
Ёдовар мешавем, бар асари обхезии шадид дар Эрон дасти кам 69 нафар ба ҳалокат расида, ҳамчунин 45 тани дигар то ҳол беному нишон гардиданд.
Тақрибан дар 2/3 ҳиссаи тамоми музофотҳои кишвар (24 аз 31) обхезӣ мушоҳида мешавад. Дар миёни минтақаҳои аз ҳама бештар осебдида Теҳрон аст.
Бахтиёр, Исфаҳон, Язд, Луристон, Мозандарон ва Чаҳормаҳал низ аз офати табиӣ осеб дидаанд.Обуҳавошиносон аз сокинон даъват кардаанд, ки аз саёҳат дар кӯҳҳо ва сайругашт дар соҳили дарёҳо худдорӣ кунанд.