Лавров ҳадафи сафари Пелосиро ба Тайван ошкор кард

Амрико боз кӯшиш мекунад, ки ба ҷаҳониён беҷазо будан ва иҷозатнопазирии худро собит кунад. Омили дигари ба вуҷуд овардани вазъи пуршиддат дар Тайван мавҷуд нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вашингтон бо боздиди раиси Маҷлиси Намояндагон Нэнси Пелоси ба Тайван талош дорад, беҷазо будани худро ба тамоми ҷаҳон исбот кунад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
"Ин маҳз ҳамон хаттест, ки дар робита ба вазъи Украина ҳарф мезанем, инъикос мекунад ва ман шубҳае надорам. Ин хоҳиши ба ҷаҳон собит кардани беҷазоии худ аст", - таъкид кард вазири умури хориҷии Русия.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки мавқеъи Чин маълум буд, "эҷод кардани ғазаб" дигар далеле вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки Пелоси шоми 2 август вориди Тайван шуд. Аз соли 1997 ин нахустин сафари раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба минтақа аст. Сафари сиёсатмадор бо вуҷуди таҳдидҳои азими Чин сурат гирифт.
Пекин Тайванро музофоти худ медонад ва мухолифи ҳама гуна тамоси намояндагони Тайбэй ва мақомоти феълӣ мебошад.
Чин гуфт, Амрико ноилоҷ шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ванг Йи гуфт, ки Чин аз амали неруҳое, ки аз истиқлолияти ҷазира ҳимоят мекунанд, қатъ хоҳад кард. Муттаҳидшавии Чин бо Тайван як ногузирии таърихӣ аст ва кӯшишҳои истифодаи ҷазира барои ҷилавгирӣ аз Чин ба нокомӣ маҳкум шудаанд, афзуд ӯ.
Дар пасманзари сафари Пелоси Пекин ба эъмоли таҳримот алайҳи Тайбэй шурӯъ кард. Аз ҷумлаи маҳдудиятҳо ҷилавгирӣ аз фаъолияти ду хазина, манъи содироти қум, воридоти меваҳои ситрусӣ ва бархе аз навъҳои моҳии яхкардашуда аз минтақа ҳастанд.