Ҷумъа Давлатов: Дар 101 шаҳраку деҳа занон дар мансабҳои роҳбарикунанда кор намекунад

Мудири Агентии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳот ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар 101 ҷамоати шаҳраку деҳоти мавриди санҷиш қароргирифта ягон нафар зан дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият надошта, талаботи банди 2 Фармони Президенти кишварро риоя накардаанд, гуфт Ҷумъа Давлатов дар нишасти матбуотӣ.
Мудири Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ки тибқи таҳлилҳои Агентӣ дар 348 ҷамоати шаҳрак ва деҳот 2817 воҳиди корӣ мавҷуд аст, ки дар он 2016 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд.
“Аз ин шумора 352 нафар ё 17,5 фоизро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳуриявӣ 6,4 банди фоизӣ кам мебошад”,- таъкид кард Ҷумъа Давлатов.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки то 1 июли соли равон шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18576 нафар, теъдоди занҳо 4438 нафар ё 23,9 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 8897 нафар ё 47,9 фоиз, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 солро ташкил медиҳад.
Масъалаи шавҳару кӯдак: раиси "Амонатбонк" гуфт, чаро кормандон аз ҳисоби занон камтаранд
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки Агентии хизмати давлатӣ дар бораи масъалаҳои вазъи ҷалби занон ба хизмати давлатӣ, мусоидат ба фарогирии бештари бонувон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунандаи он мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад.
Вай зикр кард, ки дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.