ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии халиҷ, доктор Нойиф Фаллоҳ Муборак Алҳаҷраф баргузор гардид.
Бар хабари оҷонсии "Ховар", ҷонибҳо ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуби аср, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва афзоиши қочоқи силоҳу маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доранд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон муносибати неки фарогири ҳамаи самтҳоро бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ба татбиқи лоиҳаҳо низ вусъат мебахшад.
Манбаъ меафзояд, имзо гардидани Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар раванди таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ муҳим арзёбӣ карда шуд.