Муҳоҷират ва бефарзандӣ: чӣ ба афзоиши талоқҳо дар Тоҷикистон таъсир расонд?

Бар асоси додаҳои Агентии омори Тоҷикистон, шумори талоқ дар кишвар дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Теъдоди талоқ дар Тоҷикистон сол то сол афзоиш меёбад, хабар медиҳад Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотияш дар Душанбе.
Ба иттилои ин ниҳод, аз аввали соли 2022 (дар давоми 6 моҳ) дар кишвар беш аз 30,2 ҳазор издивоҷ ба қайд гирифта шудааст.
Дар мавриди талоқ бошад, шумораи он дар шаш моҳи аввал ба 7,2 ҳазор ҳолат расидааст.
Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 790 адад зиёд аст. Тибқи омор он замон дар кишвар 6,4 ҳазор чунин ҳодиса ба қайд гирифта шуда буд.
“Барои шаҳрвандии Русия”: сирри дигари афзойиши талоқ дар Тоҷикистон
Илова бар ин, ниҳоди мазкур сабабҳои маъмултарини пароканда шудани оилаҳои тоҷикро номбар кард, ки аз ин қабил аст:
муҳоҷирати корӣ;
бемории яке аз ҳамсарон;
бефарзандӣ;
зӯроварӣ дар оила.
Илова бар ин, бисёре аз ҷуфтҳо гуфтаанд, ки ба далели номувофиқ будани аъзои хонавода, дахолати шахсони сеюм ва ҳатто гирифтани шаҳрвандии Русия, маҷбуранд, ин муносибатро қатъ кунанд.