Фоҷиа дар қисми ҳарбии "Нуробод": сарбоз ба пешонии ҳамхидматаш тир холӣ кард

Сарбози қатории нерӯҳои марзбонии кишвар ҳамхидматашро парронд, ки дар натиҷа ҳам худ ҳукм гирифта ва ҳам як афсари қисми низомӣ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз як ҳодисаи мудҳиш дар як дидбонгоҳи сарҳадии кишвар хабар дод, ки дар пайи он як тан ҳалок ва ду тани дигар ҳукми зиндон гирифтаанд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар қисми ҳарбии 0214 Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии сеюми “Нуробод” сарбозе ба пешонии ҳамхизматаш тир холӣ кардааст.
"Посбони наряди сарҳадӣ қаторӣ Исоев Муҳаммадҷон, бо истифода аз силоҳи хизматиаш тамғаи АК-74 бе ягон сабаб қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан ҳамхизматаш Қурбонзода К.С.-ро ба нишон гирифта, аз масофаи наздик ба қисмати пешонии сараш як тир холӣ кард", - афзудааст манбаъ.
Таъкид шудаст, ки бар асари зарбаи тир сарбоз ба ҳалокат расидааст.
Марзбоне, ки ҳамдеҳаашро кушт, пас аз 18 сол ҷазо гирифт: ӯ дар Қазоқистон дастгир шуд
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе дар пайи баррасии қазия посбонро дар куштор гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол таъйин кардаст.
Таъкид шудааст, ки сарбози маҳкумшуда бояд ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт паси сар кунад.
Капитани марзбонӣ, ки дар ҳайати таҳти роҳбарияш ин ҷиноят рух додааст, бо қарори додгоҳи гарнизони Душанбе ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол маҳкум гардидааст. Дар қарори додгоҳ омадаст, ки маҳкумшуда бояд ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии сукунат гузаронад.
Феълан назари маҳкумшудаҳо ва чониби ҳимояяшон дар бораи ҳолатҳо ва сабаби сар задани ҷинояти мудҳиш мушаххас нест.