Кумита қариб 500 номи гузоштаи волидонро ба фарзандашон қабул накард

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон садҳо номи пешниҳодшуда барои кӯдаконро дар шашмоҳаи аввали соли равон қабул накардаасту хулосаи манфӣ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Волидон дар Тоҷикистон тайи нимсолаи аввали соли равон беш аз 700 бор барои номгузории фарзандашон ба Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, тайи 6 моҳи аввали соли равон ба 703 муроҷиати шаҳрвандон дар мавриди номгузории фарзанд хулосаро пешниҳод кардаанд.
Вай афзуд, ки 44 муроҷиат аз ҷониби ақаллиятҳои миллӣ буд. Раиси кумита тавзеҳ дод, ки аз ин миён ба 189 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ ва ба 470 хулосаи рад дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон тайи солҳои охир номгузории фарзанд бар асоси Феҳрасти номҳои миллӣ сурат мегирад. Ақаллиятҳои миллӣ метавонанд, фарзандонашонро берун аз фаҳрасти мазкур ном гузоранд.
Ҷонибдории парлумон аз тағйири номи Фақирободу Мискинобод
Маврид ба зикр аст, ки қаблан парлумони Тоҷикистон ба қонуни кишвар "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро қабул намуд, ки ҳадафи он дар амал ҷорӣ намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ унвон шуда буд.
Бар асоси ин тағйирот, дар насаб истифода намудани пасвандҳои - ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич мамнуъ гардида, ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" пешниҳод шуд.
Таъкид шуда буд, ин меъёр нисбати шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри "вич", "ов", "ев", "ева", "овна"-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.