Тағйирёбандаи бебориш: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат давоми рӯз дар шаҳри Душанбе ба 33+35 дараҷа гармӣ мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Марги 92 нафар бар асари офатҳои табиӣ ва ғарқшавӣ дар шаш моҳи ахир
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад, афзудаст манбаъ.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.