Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия чӣ гуна таҷлил шуд? - аксҳо

Таҷлили Рӯзи нерӯҳои дарёии Русия дар нуқоти гуногуни ин кишвар сурат гирифта, чорабинии асосӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо ҳузури сарфармондеҳ гузашт
Sputnik
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, шахсан гузашти низомии нерӯҳои дарёиро шаҳри Санкт-Петербург қабул карда, хизматчиёни соҳаро бо рӯзшон шодбош гуфт. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар нуқоти дигари кишвар, аз ҷумла Владивосток низ баргузор гардиданд.
1 / 13

Киштиҳои низомии Русия дар гузашти ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои дарёии ФР дар Кронштадт.

2 / 13

Киштии низомии мавсум ба "Ҳушманд" ё "Сообразительный" дар қатори киштиҳо дар рейди Кронштадт.

3 / 13

Киштии десантии "Иван Пасько" бо заврақи Пётри I дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

4 / 13

Киштии хурди мушакбар "Зеленый дол" дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

5 / 13

Киштии хурди "Одинцово" дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

6 / 13

Киштии посбонии "Раптор" дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

7 / 13

Ҳавопаймоҳои зиддикиштии Ту-142 ва қиркунандаҳои МиГ-29К дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

8 / 13

Қатори киштиҳои низомӣ дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

9 / 13

Тамошобинон дар дар гузашти асосии низомӣ бахшида ба Рӯзи нерӯҳои баҳрии Русия дар Санкт-Петербург.

10 / 13

Баҳрнавардон дар саҳни киштии посбонии "Неустрашимый" дар гузашти низомӣ дар Балтийск бахшида ба Рӯзи нерӯҳои дарёии Русия.

11 / 13

Низомиён ҳангоми гузашт дар Балтийск бахшида ба Рӯзи нерӯҳои дарёии Русия.

12 / 13

Заврақи хурди "МПК-221", киштии мушакбари "Р-261" ва тралшик - киштии нобудкунандаи минаҳои баҳрӣ "БТ-100" ҳангоми ташаккули қатор барои гузашти киштиҳои флоти Уқёнуси Ором.

13 / 13

Киштии "Маршал Шапошников" дар гузашти низомӣ дар Владивосток бахшида ба Рӯзи нерӯҳои дарёии Русия

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар бори аввал аз соли 2017 инҷониб дар гузашти асосии нерӯҳои дарёӣ дар Санкт-Петербург иштирок кард.
Дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.