Ошкоро марзи манофеи миллӣ баён шуд: Сарфармондеҳ доктринаи нави баҳрии Русияро шарҳ дод

Раисҷумҳури Русия ду санади муҳими умури баҳрнавардиро ба имзо расонд, ки сиёсати ин кишварро дар қаламравҳои обӣ муқаррару машаххас мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бо имзои фармонҳо Доктринаи баҳрӣ ва Оинномаи киштидории кишварро тасдиқ кард. Дар ин бора дар сомонаи Кремл хабар дода шудаст.
Таъкид гардидааст, ки маросими имзои ин санадҳо дар Осорхонаи давлатии таърихи Санкт-Петербург дар қасри Петропавловск сурат гирифтаааст.
"Бо мақсади таъмини амалисозии сиёсати миллии баҳрии Русия қарор мекунам: Доктринаи баҳрии Русия тасдиқ карда шавад", - омадааст дар фармон.
Доктринаи баҳрии қаблӣ аз 17 июни соли 2015 аз эътибор соқит дониста шуд. Санадҳои ҷадид аз рӯи имзояшон мавриди амал қарор мегиранд.
Зимни суханронӣ дар гузашти ҳарбӣ дар Рӯзи нерӯҳои дарёии Русия, президент Доктринаи нави баҳрии кишварро тавзеҳ дод.
"Мо ошкоро марзу ҳудудҳои манофеи миллии Русияро муайян кардем - ҳам иқтисодӣ ва ҳам ҳаётан муҳими инфрасохторӣ. Ин пеш аз ҳама қаламравҳои обии арктикии мо, баҳри Сиёҳ, Охотск, Беринг ва обҳои Балтику Курилл мебошанд", - гуфт Путин.
Вай изҳор дошт, ки аз ин мавзеъҳо устуворона бо истифодаи тамоми васоил ҳимоят хоҳанд кард.
Омили калидиро роҳбари давлат имконоти нерӯҳои дарёии кишвар хонд.
"Онҳо қодиранд, фавранд ба ҳарки қасди озодию истиқлоли Русияро доранд, посух диҳанд", - таъкид намуд ӯ.
Вай афзуд, ки нерӯҳои баҳрии Русия самаранок вазифаҳои стратегии гузошташуда дар ҳамаи нуқоти уқёнуси ҷаҳонро иҷро мекунад.
Путин гузашти ҷашнии нерӯҳои баҳрии Русияро қабул мекунад - видео
"Қувваҳои баҳрӣ омодагии баландро барои амалиёт дар соҳил, сатҳи об, зери об ва ҳаворо намоиш медиҳанд. Онҳо пайваста такмил меёбанд", - гуфт Путин.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия бори аввал аз соли 2017 инҷониб дар гузашти асосии нерӯҳои дарёии кишвар дар Санкт-Петербург иштирок кард.
Дар Русия ҳамасола Рӯзи нерӯҳои баҳрӣ якшанбеи охири моҳи июл таҷлил мешавад. Нерӯҳои дарёии Русия соли равон 326-умин солгардашонро таҷлил мекунанд.