ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ карда мешавад.
Бино ба иттилои Ожонси ҳавосанҷии кишвар рӯзҳои 30-31 июл дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар буда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
Манбаъ мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш дар назар аст ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро ҳавои тағйирёбандаи бебориш инзор буда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 19+24 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20 ва рӯзона 31+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 21+23 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.