Лякин-Фролов: Путин ва Раҳмонро муносибати дӯстона ва эътимодбахш наздик мекунад

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар анҷоми намояндагии дипломатияш аз ҳамкориҳои судманд ва муносиботи боэътимоди ду кишвар ёдовар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Муносибати президентҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон аз равобити наздики ҳамкориро бозгӯ мекунад.
Дар ин бора дар изҳороти сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов, ки дар вебсайти намояндагии дипломатӣ нашр шудааст, омадааст.

"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - В.В.Путин ва Э.Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.

Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифоъи низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ - бемайлон рушд ва таҳким ёфт".
Баргузории Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари Владимир Путин - видео
Сафир ёдовар шуд, ки ҳамкориҳои ҳамватанони рус дар кишвар низ судманд аст.
Ӯ қайд кард, ки "Дустони тоҷик баарои дар ҷумҳурӣ барқарор намудани чорабиниҳои ёдгории ҷангӣ ёрӣ расонданд".
Ёдовар мешавем, ки Игор Лякин-Фролов моҳи августи соли 2013 сафири Русия дар Душанбе таъин шуда буд.
Мавсуф рӯзи 29 июл эълон кард, ки рисолати худро анҷом медиҳад ва Тоҷикистонро тарк мекунад.