Азми соҳибкорони ӯзбек барои киштбоб кардани даҳҳо ҳазор гектар дар Суғд

Соҳибкорони Ӯзбекистон бо мақомдорони ноҳияи Ашт масъалаи ба гардиши кишоварзӣ даровардани даҳҳо ҳазор гектар замини бекорбхобидаро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар доираи ҳамкориҳои соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба гардиши кишоварзӣ даровардани 20 ҳазор гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Ашт ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Ашт, хабар дода, афзуд, ки масъалаи мазкур зимни сафари гуруҳи кории ҷониби Ӯзбекистон, таҳти роҳбарии соҳибкор Зиёқиддин Ёрматов ба ноҳия баррасӣ гардид.
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба аъзои гурӯҳи корӣ бораи вазъи заминҳо ва обёрии он маълумот дод.
"Пас аз боздид мутахассисони соҳа иброз доштанд, ки дар чунин заминҳо боғҳои интенсивӣ бунёд карда, метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки минтақаи саноатӣ аз ҳисоби заминҳои даштӣ дар масоҳати 30 гектарро бунёд кунанд.
Интизор меравад, ки минтақаи саноатии мазкур дар дашти Сомғор миёни навоҳии Ашт ва Бобоҷон Ғафуров бунёд карда шавад.
Аҳмадзода ба соҳибкори ӯзбекистонӣ: Заминҳои бекорхобидаро кор фармоед
Ин дар ҳолест, ки намояндагони бахши хусусии Ӯзбекистон барои ба гардиш даровардани заминҳо дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда истодаанд.
Аз ҷумла ин масъала ахиран дар мулоқот Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо соҳибкор аз Ӯзбекистон, Муъминҷон Юлдошев азхудкунии заминҳои бекорхобида ва ташкили корхонаҳоро баррасӣ намуд.
Таъкид шуд, ки таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тараф самараи сиёсати роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.