ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4, 6 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба шаҳру навоҳии Суғд сафар кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ як баробар афзудааст.
Абдумаҷид Раҳимов, сардори Идораи рушди сайёҳии Суғд дар нишасти матбуотӣ теъдоди аз ҳама бештари сайёҳон дар миёни кишварҳоро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1786 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1034 шаҳрванди Русия ба вилояти Суғд сафар кардаанд, ки рақами аз ҳама бештар дар шумори сайёҳони хориҷии ин вилоят шумурда шудааст.
“Меҳмонон аз дигар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Қазоқистон 301, Корея 42, Латвия 14, Нидерландия 17, Канада 24, Покистон 23, Сингапур 9, Лаҳистон 75, Озарбойҷон 14, Туркия 118, Украина 24, Фаронса 33, Ҳиндустон 54, Чин 299, Чехия 14, Шведсария 22, Эстония 23, ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 91 нафар, Ӯзбекистон 1786 ва Русия 1034 нафар ба Суғд сафар кардаанд” – афзуд, Раҳимов.
Дар Идораи сайёҳии Суғд омили афзояндаи шумори сайёҳон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Русия ба кишварро дар мустаҳкам будани равобити дӯстӣ ва тиҷоратӣ таъкид мекунанд.
Бар пояи иттилоъи расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми даромад аз ҳисоби хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар Суғд ба 282 миллион сомонӣ расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 28 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.