Осиёиҳо дар садри феҳраст: зеботарин марди ҷаҳон интихоб шуд – акс

Ба гуфтаи сокинони 189 кишвар, ки дар овоздиҳии маҷаллаи интернетии "Nubia" ширкат кардаанд, зеботарин мард ҳунарманд ва овозхони маъруфи чинӣ Сяо Чжан будааст
Sputnik
1 / 10

Зеботарин мард 30 сол дорад. Сяо Чжан на танхо ҳунарманд, балки сароянда, тарроҳ ва аксбардор низ мебошад. Таронаи ӯ Spot Light, ки моҳи апрели соли 2020 суруда шуд, ҳамчун суруди бештар боргиришуда дар Чин аст, ки дар китоби рекордҳои Гиннес ҷой гирифтааст. Ин сурудро беш аз 25,5 миллион бор боргирӣ кардаанд

2 / 10

Ҷойи дуюм насиби навозанда ва таронанавис аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Тхэхен гардид

3 / 10

Севум марди зеботаринро боз як ҳунарманд, раққос ва барандаи телевизиони осиёӣ, Ван Ибо аз Чин интихоб кардаанд. Ӯ дар филми кӯтоҳи телевизионии бозӣ мекунад

4 / 10

Ҳамзамон дар ин ба панҷгонаи зеботарин мардҳо дар ин феҳрист сароянда ва таронанавис аз Кореяи Ҷанубӣ Ким Сок Ҷин шомил шудааст

5 / 10

Ба ин феҳрист ҳамчунин Карим Бурсин, ҳунарпешаи туркӣ дохил шудааст

6 / 10

Дар ҷойи шашум низ ҳунарпешаи турк Кан Яман, ҷой гирифтааст, ки қаблан тибқи маҷаллаи GQ марди сол дониста шуда буд

7 / 10

Реге-Жан Пейҷ, ҳунарпеша, ки дар феҳристи зеботарин мардони ҷаҳон ҷой гирифт, дар сериали телевизионии "The Bridgertons" нақш офаридааст

8 / 10

Ҳенри Кавилл миёни зеботарин мардҳо дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтааст. Ин ҳунарпешаи 39-солаи бритониёӣ аст, ки дар филмҳои "Бэтмен ба Супермен", "Лигаи адолат" нақш бозидааст

9 / 10

Дар ин лист барои мухлисони футбол – футболбози португалӣ Криштиану Роналдо низ ҷойи хоси худро гирифтааст

10 / 10

Ва дар ҷойи даҳум ин феҳрист ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Тимоти Шаламе қарор дорад. Ин ҳунарпеша барандаи ҷоизаҳои сершумор, аз ҷумла, номзад ба Оскар, мебошад