ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбарияти ширкати “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин мулоқот тарафҳо вобаста ба вазъи кунунии корхонаи истеҳсолӣ, нақшаву барномаҳои роҳбарияти корхона, ташкили ҷойҳои нави корӣ, иҷрои уҳдадориҳои корхона ва марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимиёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.
“Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол ба 4 тонна тилло ва 1 тонна нуқра баробар аст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Раҷаббой Аҳмазода, бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои корӣ супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд.
Корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар масоҳати 45,2 гектар бунёд шуда, арзиши лоиҳавии он 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.