ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Масъулини ширкати "Тоҷик эйр", ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии кишвар дар мавриди уҳдадории ӯ дар назди ширкати литвониро шарҳ доданд.
Қаблан Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи Олии Иқтисодии Тоҷикистон гуфта буд, ки ниҳоди зертобеяш қарори дигар додгоҳҳо дар мавриди уҳдадории "Тоҷик Эйр" барои пардохти 20 миллион доллар ба ширкати литвонии "Skyroad Leasing"-ро, ки ҳавопаймоҳояшро истифода кардааст, қонунӣ медонад.
Дилшод Исматуллозода, раҳбари ширкат зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ба ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии кишвар розӣ нестанд.
Ӯ гуфт, марҳилаҳои додгоҳиро дар ИМА бурданд ва дар Тоҷикистон низ талош мекунанд, вале барои пардохти қарзҳо бо чунин шароит розӣ нестанд.
Ба таъкиди Исматуллозода қаблан бо ҳамин парванда дар ин додгоҳ ҳалномаи дигар ба маблағи 2 миллиону 800 ҳазор доллар буд, аммо ҳоло дигар аст.
Номбурда гуфт, ки ширкати литвонӣ хост тавассути додгоҳҳои амрикоӣ қарори Суди арбитражиро тасдиқ кунад ва дар асоси ин ҳалнома дар ҳудуди ИМА қарзҳояшро аз дороиҳои Тоҷикистон бигирад, вале мо саривақт вакили дифоъ ёфта, судро бурдем.
Соли ҷорӣ ширкат ягон парвоз иҷро накардааст. Қарзҳояш низ дар назди андозу кормандон ҳамарӯза афзоиш меёбад ва дорад онро ба самти варшикастагӣ мебарад.
Ахиран Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон низ гуфта буд, барои баргардонии маблағҳо аз “Тоҷик Эйр” ба “Skyroad Leasing” талош дорад, аммо дар суратҳисобҳои ширкати тоҷикӣ ягон маблағе нест ва он қарздориҳои зиёд дорад.
Баҳси миёни “Тоҷик Эйр” ва ширкати Skyroad Leasing барои пардохти моҳонаи иҷораи ҳавопаймо буд. Тавре масъулини ширкати ҳавои гуфта буданд баҳс сари 9 миллион доллар меравад, ки қисми зиёди он пардохт шудааст.
Аммо, чанд миллион доллари дигарро ширкат пардохт карда натавонист ба ҳамин хотир ба ширкат ҷаримаҳои иловагӣ ворид гардид, ки тақрибан 20 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Мушкилоти ширкати "Тоҷик Эйр" замоне ташдид шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон он замон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур дода буд мавзӯи харидории як ҳавопаймои Боинг-767 гаронтар аз нархи воқеии онро аз сӯи ин ширкат ва санадсозӣ дар ин мавридро бозрасӣ кунад.