Раиси агентӣ гуфт, ӯзбекистониҳо аз тариқи Тоҷикистон парвоз мекунанд. Рост аст?

Раиси Агентии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, ба далели гаронии чиптаҳои ширкатҳои ӯзбекӣ ӯзбекистониҳо аз тариқи Тоҷикистон ба хориҷ аз кишварашон мераванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Сафарзода Дилшлод, раиси агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ки тарифаҳои кишвари ҳамсоя болотар аз тарифаҳои Тоҷикистон аст.
“Арзиши чипта аз аз Тошканд ба Маскав тақрибан ҳафт ҳазорро ташкил меджиҳад ва ҳоло тамоюл мушоҳида мешавад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон тариқи фурудгоҳҳои мо аз Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳрҳои Русия парвоз мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар замони пандемия ва баъд аз он ҳолати баръакс мушоҳида мешуд. Яъне шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбекистон ва Қирғизистон Русия мерафтанд ва шикоят мекарданд Ӯзбекистон санади ПСР-тести Тоҷикистонро қабул намекарданд.
“Тоҷик эйр”-и бебол: Исматуллозода гуфт, ҳавопаймои коршоям надорем
Дар ҳамин ҳол, сомонаи travel Yandex арзиши чиптаи ширкатҳои ҳавоии Ӯзбекистон, ки ба самти Маскав парвоз мекунанд наздик ду баробар арзонтар аз арзиши Душанбе Маскав аст.
Барои мисол дар ин сомона арзиши чиптаи ширкати “ӯзбекистон ҳаво Йулларӣ”- дар маири Тошканд-Маскав ҳамагӣ 27 ҳазору 414 рубли руси (4637 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад, аммо парвоз аз фурудгоҳи Душанбе тариқи ширкати ҳавоии “Сомон эйр” дар ҳамин масир 34 ҳазору 114 рубл (5770 сомонӣ)ро ташкил медиҳад.
Дар чунин ҳол мушаххас нест, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин замина рост мегӯян ё хадамоти чиптафурӯшии Русия, ки нархи билети парвоз аз Маскав ба Тошкандро ба маротиб арзонтар аз билети Маскав - Душанбе эълон карданд.