Бархӯрди маргбори "Opel" бо "Toyota" ва "Lexus" дар ҷануби Тоҷикистон: навзод ҳалок шуд

Бархӯрди шадиди мошинҳо дар ҷануби Тоҷикистон боиси марги як духтари навзод ва захмӣ шудани панҷ нафари дигар гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон, дар шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ як садамаи маргбор рух дод, гузориш медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Дар ин садама як нравзод ба ҳалокат расида, як кӯдаки дигари дусола ҳамроҳи чаҳор нафари калонсол ба бемористон интиқол ва бистарӣ шудаанд.
"Духтари соли таваллудаш 2022, сокини ноҳияи Восеъ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - гуфт манбаъ.
Бинобар иттилоъи манбаъ, мошини тамғаи “Opel”, ки таҳти идораи марди 28-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба садамаи нақлиётӣ дучор шудааст.
Маҳз ӯ ба хатти муқобил баромад ва дар он ҷо бо мошини дигари тамғаи "Toyota Camry", ки ронандаи 35-солаи ҳамин минтақа аст, бархӯрд.
Бархӯрди 2 "Мерседес" дар роҳи Душанбе - Чаноқ 6 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт
Гуфта мешавад, ки билофосила пас аз бархӯрд ронандаи мошини аввал идораро комилан аз даст дода, ба мошини дигари тамғаи "Lexus LX-570" бархӯрдааст, ки онро сокини 22-солаи Душанбе идора мекард.
ВУД мегӯяд, феълан тамоми ҳолатҳои садама муайян карда шуда, тафтишот оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран аз марги сокини 31- солаи ноҳияи Нуробод хабар дода буд, ки дар пайи чаппа кардани мошини тамғаи "ГАЗ-66" аз баландии 150 метр ҳалок шудааст.