ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Айни ҳол баъзе ташхисҳои мусбии коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд, изҳор дошт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе, бархе ҳолатҳои мусбати ташхиси коронавирусро дар ҷумҳурӣ ба хатоҳои техникӣ рабт дод.
"Баъзе ҳолатҳои хатоҳои техникӣ аз ҷониби дастгоҳҳо мешавад. Бо забони тиб мукантаминатсия мегӯем, баъди онро хуб кардан дар дигар лаборатория муайян мекунем. Агар тасдиқ шуд, ба қайди диспансерӣ гирифта мешавад", - изҳор дошт вазир.
Вазир афзуд, ки аз моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати таъйидшудаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, феълан зиёда аз 22 нуқтаи муайян кардани коронавирус аз тариқи ПСР - санҷишҳо фаъолият доранд, ки дар сурати натиҷаи мусбат фавран ба Вазорати тандурустӣ маълумот пешниҳод мекунанд. Манбаъ афзуд, ки дар сурати тасдиқи натиҷа дар лабораторияи референсии Вазорат бемор ба қайди диспансерӣ гирифта мешавад.
Дар зимн муроҷиатҳо тайи ҳафтаҳои охир барои ташхиси коронавирус майл ба афзоиш доранд, ки ба иттилои вазири тандурустӣ ба гармои шадиду истифодаи зиёд аз кондитсионеру оби хунук рабт доранд. Ӯ тавзеҳ дод, ки бар асари ин шаҳрвандон гирифтори бемориҳои респираторӣ мешаванду иштибоҳан коронавирус мепиндоранд.
Дар зимн вазир ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.