ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Муайян шудааст, ки қаблан дар Тоҷикистон навъи омикрони коронавирус низ дар гардиш будаст, хабар дод Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дастгоҳи муайянкунандаи навъҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ, ки қаблан набуд, аллакай фаъол шуда, намунаҳои солҳои қаблӣ таҳлил гардидаанд.
Муайян шудааст, ки аз солҳои 2020 дар ҷумҳурӣ шаклҳои коронавирус, аз қабили вуҳанӣ, африқоӣ ва делта дар гардиш будаанд. Вазир афзуд, соли 2021 ба Тоҷикистон навъи омикрон низ ворид шудааст, ки бар асоси таҳлилҳо 299 ҳолат ба қайд гирифта шуданд.
Вазир гуфт, аз моҳи феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бархе ҳолатҳо, ки шаҳрвандон худро гирифтори коронавирус мепиндоранд, ба гуфтаи вазир ба истифодаи зиёди кондитсионер ва оби сард дар гармии беш аз 40 дараҷаӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.
Дар зимн вазир ҳушдор дод, ки эҳтимоли вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ҷой дорад.
"Вақте гардиши вирус асту муҳоҷирати аҳолӣ ҷой дорад, ворид шудани вирус аз эҳтимол дур нест", - афзуд Абдуллозода.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз вуруди коронавирус, чун пештара дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолияти нуқтаҳои санитарию эпидемиологӣ идома дорад. Дар сурати ҷой доштани ҳарорати баланду набудани шаҳодатномаи ваксина ҳатман таҳлилҳо гузаронда мешаванд.
Абдуллозода илова намуд, ки чунин афрод, ҳамчунин ҳатман аз ҷониби мутахассисони тандурустии шаҳру навоҳияшон таҳти назорат қарор мегиранд.