ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҷаласаи мазкур бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавии кишвар ва воҳидҳои сохтории БМТ доир гардидас, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллӣ.
Дар ин ҷаласа Толибзода Фирдавс, муовини раиси Бонки миллӣ қайд кардааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дороиҳои низоми суғурта дар таркиби дороиҳои низоми молиявӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд.
“Аз ҷумла, дороиҳои низом дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 12,3 фоиз, сармояи умумӣ 17,3 фоиз, сармоягузориҳо ба низоми бонкӣ 16,6 фоиз ва даромад аз онҳо 82,0 фоиз зиёд гардиданд”, - таъкид кард муовини раиси БМТ.
Вай ҳамчунин гуфт, ки пардохту ҷуброни суғуртавӣ бошад, дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2021 30,4 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он 10,1 млн. сомониро ташкил додааст.
Толибзода Фирдавс зикр кардааст, ки бо вуҷуди ноил шудан ба натиҷаҳои мусбӣ, ташкилотҳои суғуртавиро зарур аст, ки ҳамчун узви пайвастаи низоми молиявии кишвар дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузоранд.
“Ин амал дар навбати худ ҳамчун сарчашмаи иловагии маблағгузорӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва дастовардҳои натиҷабахш мусоидат хоҳад кард”, - гуфт муовини раис БМТ.