Вазир: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия нисбат ба дигар муҳоҷирон камтар қонунро нақз мекунанд

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия нисбат ба муҳоҷирон аз дигар кишварҳо қонунмеҳвар ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд нисбат ба муҳоҷирони кории дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ қонунро камтар нақз мекунанд.
“Тибқи иттилои ВКД Русия нисбат ба дигар шаҳрвандоне, ки аз Осиёи Марказӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, шаҳрвандони Тоҷикистон нисбатан итоаткунанда ҳастанд, қонун, қоида ва тартиботҳои ҷамъиятӣ дар ин кишварро риоя мекунанд”, - гуфт Амонзода.
Ёдрас мешавем, ки қаблан Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ гуфта буд, ки далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд.
Муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия бештар шудааст: сабаб
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.
Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд.
"Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем", - изҳор дошт ӯ.
Маош дар Тоҷикистон: вазир гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 600 сомонӣ мегирад
Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.

Аз шумораи умумии онҳо 94 дарсад дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, афзуд ӯ.